Лоиҳаҳо

Лоиҳаи RohiNav

Гаҳворак — Платформаи рақамии саломатӣ ва нигоҳубини кӯдакон

Гаҳворак як платформаи рақамӣ дар соҳаи саломатии кӯдакон ва оила мебошад, ки барои пешниҳоди маълумоти боэътимоди тиббӣ, хизматрасониҳои онлайн ва дастрасии осон ба мутахассисони соҳаи тиб таҳия шудааст.

Оғози суҳбат
Логотипи Гаҳворак — Платформаи рақамии саломатӣ ва нигоҳубини кӯдакон

Аз ғоя то маҳсулоти коршоям.

Гаҳворак (Gahvarak) як лоиҳаи рақамӣ дар соҳаи тандурустӣ мебошад, ки бо ҳадафи фароҳам овардани дастрасии осон ба маълумоти тиббӣ ва хизматрасониҳои марбут ба саломатии кӯдакон ва оила таъсис дода шудааст.

Дар ин лоиҳа, Rohinav дар таҳия ва рушди инфрасохтори рақамӣ, сохтори вебсайт ва фароҳам овардани муҳити корбарписанд нақш доштааст. Платформа бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи корбар таҳия шуда, ба волидон имкон медиҳад, ки ба маълумоти муфид дар бораи саломатӣ ва рушди кӯдакон дастрасӣ пайдо кунанд ва аз хизматрасониҳои тиббии онлайн истифода баранд.

Гаҳворак инчунин ҳамчун як манбаи муҳими мундариҷаи тиббӣ фаъолият намуда, мавзӯъҳои марбут ба ҳомиладорӣ, навзодон، кӯдакон, рушди кӯдак ва нигоҳубини саломатиро фаро мегирад.

Ин лоиҳа намунаи истифодаи технологияҳои рақамӣ барои рушди хизматрасониҳои муосири тандурустӣ ва беҳтар намудани дастрасии ҷомеа ба маълумоти тиббӣ мебошад.

Лоиҳа: Gahvarak.com
Соҳа: Тандурустӣ ва технологияҳои рақамӣ
Кишвар: Тоҷикистон
Навъи лоиҳа: Платформаи рақамӣ / вебсайт